То дида худ кард чу дастори шукуфа

Бркрди сар аз перҳани ёри шукуфа

Дар оинаи бениши мо чашм ба роҳон

Пайкӣ буд аз ҷониби дилдори шукуфа

Дар дида бе пардаи арбоби басират

Фардӣ буд аз дафтари асрори шукуфа

Дар парда асбоб намонад дили равшан

Аз барг шавад зуди сбкбори шукуфа

Дар дидаи кӯтаҳи назарон гарчи ниқобӣ аст

Равшангар чашмаст чу дидори шукуфа

Аз чашми гронхўоби намаки рез , ки гардид

Соҳиби самар аз дидаи бедори шукуфа

Ноқиси назарон гарчи шуморанд бароташ

Нақдӣаст зи ганҷинаи асрори шукуфа

Аз ҳуш нарафтани зи гронҷонӣ ақл аст

Имрӯз ки шуд қофилаи солори шукуфа

Соқӣ бирасон бодаи гулранг ки бе май

Пардааст ба чашми ман ҳушёри шукуфа

Бар хирқаи тани ларзиши мо маҳз гаронӣ аст

Ҷое ки фишонд сару дастори шукуфа

Ҳаргиз ба ҷароҳат накунад марҳами кофур

Корӣ ки кунад бо дили аФгори шукуфа

Мағзаши зи насими саҳарии гашти парешон

Зини ҷурм ки шуд шох ба девори шукуфа

Лайлӣаст намоён шуда аз пардаи маҳмил ?

ё сар бадар оварда зи ашҷори шукуфа

Чун субҳ ки бедор кунад мурдаи дилон ро

Оварад ҷаҳонро ба сари кори шукуфа

Аз сайр гулистон накушояд дили маҷрӯҳ

Бошад намаки синаи аФгори шукуфа

Ҳаргиз нафикандааст намак дар дили оташ

Шурӣ ки фикандааст ба гулзори шукуфа

Соиб машав аз номаи пуршукӯҳи худ бор

Бар тозаи ниҳолӣ ки буд бори шукуфа