эй чашми ту хўнризтр аз даври замона

Мижгони турои мардумаки дидаи нишона

Маҷрӯҳи дами теғи турои муждаи куштан

Пайғом сабӯҳӣаст ба махмури шабона

Май буд агар бо дили сад чок чаҳ мешуд ?

Рабтӣ ки сари зулф туро ҳаст ба шона

Холи ту камари баста ба дили бурдани ушшоқ

Чун мӯри ҳарисӣ ки баради дона ба хона

Ошиқи ҳазар аз оҳ ҳўснок надорад

Каз тири ҳавоӣ буд осӯдаи нишона

Зулфи ту чунингар дил ушшоқ кунад хӯн

Сарпанҷа марҷон шавад аз зулфи ту шона

Парвонаи пурсӯхта май буд фалак ҳо

намедошт агар оташи ҳасани ту забона

Мижгони ту аз дидау дили гашти тарозу

Ҳар чанд ба тирӣ натавон зад ду нишона

Дар рафтан ҳушаст аҷаби табли раҳилӣ

Овози дафу бонги неу савти чғонаҳ

Соиб накашӣ то ба гиребони сари худ ро

Ҳаргиз набарӣ гӯии саодати зи миёна