Ҳазор ҳайф ки гул кард бенавои мо
Ба чашм обила омад бараҳнаи поеи мо
зи чарби нармии мо душманон далер шуданд
Хамири мояи ғами гашти мумиёеи мо
Чароғи дидаи равзани зи хонаи даргирад
Ба офтоб расидааст равшанои мо
зи домани назари аҳли ишқи поктрст
Замини майкада аз файзи порсоеи мо
Ба ҷомаи гули раъно ба бӯстон ояд
Гули изори туу чеҳраи ҳиноеи мо
Нишастааст чунон нақши мо дар он даргоҳ
Ки офтоб буд доғи ҷабҳаи соеи мо
Ту по ба доман манзил бикаш , ки то доман
Ҳазор марҳала дорад шикастаи поеи мо
зи ҳола моҳ шавад дар таҳи сипари пинҳон
Агар баланд шавад оҳи бенавои мо
Куҷост гӯши сухани каш дар анҷумани соиб ?
Ки ҷӯш кард шароби схнсроиии мо