Ҳар ки дорад бо призодони маънии хилватӣ
Ҳамчу мораш мегазад ҳар ҳалқаи ҷамъиятӣ
Дар бисот ҳар ки бошад соғарӣ аз хӯни дил
Кӣ чу минои сари фурӯди орад ба ҳар кайфиятӣ ?
Фақр агар фармонравои олам эҷод нест
Аз чаҳ мегиранд шоҳон аз фақирони ҳимматӣ ?
Хорхори сайр гулшан нест дар хотири маро
Каз дил бемуддао дар сина дорам ҷаннатӣ
Бахти шӯри мо зи ашки лолаи гаван шарманда нест
Бар замини шӯри боронро набошад миннатӣ
Май тавонистем кардани соилонро бе ниёз
Гар сухан дар аҳд мо медошт қадару қӣматӣ
Чун надонам ояи раҳмати хати сабзи туро ?
Каз барои дафъи арбоб ҳавас шуд таббатӣ
Заҳр дар зери нигин чун сабза бошад зери санг
Чун лаби лаъли ту нўхт шуд ба андаки фурсатӣ ?
Шукр каз ҷамъияти хотир парешон нестам
Нест соибгар маро чун дигарон ҷамъиятӣ