Дӯш бо мо саргарон будӣ чаҳ дар сар доштӣ ?

Бода мехӯрдӣу хӯни мо ба соғар доштӣ

Сабзаи боғу баҳори мо забони шукр буд

Бар мусулмонон агар раҳмии ту кофар доштӣ

Нест имрӯзи ин гаронии пилаи нози туро

Шер дар гаҳвора мехӯрдӣ ки лангар доштӣ

Нўнёзи ноз чун хубони дигари нестӣ

Доим аз шухии ту дар пероҳан ахгар доштӣ

Моҳи рухсор ту ногардӣда дар хӯбии тамом

Ҳар тараф чун моҳи нави сад сайд лоғар доштӣ

Ин замон бо ғайри ҳмдўшӣ , вагарнаи пеши азин

Теғ дар як даст ва дар як даст ханҷар доштӣ

Ҷон нисорат кард ва аз ихлос мекардӣ нисор

Соиби мискин агар сад ҷон дигар доштӣ