Сарви мангар бар сари хок шаҳидон омадӣ
Даъвии хӯни ҳам дарин олам ба поён омадӣ
Танг шуд бар ман ҷаҳон аз ишқ , варна пеши азин
Чашми мӯрам дар назари малик сулаймон омадӣ
Шухӣ аз ҳад май баради чобуки савори рӯзгор
Коши Тифли неи савори ман ба майдон омадӣ
Дар ватан гар мешудӣ ҳар кас ба осонии азиз
Кӣ зи оғӯши падари Юсуф ба зиндон омадӣ ?
Гар ба сайди лоғари он шамшер кардӣ илтифот
Хизр бо лабҳои хушк аз об ҳайвон омадӣ
Танги гаштии осмон аз мавҷи оғӯши умед
Гар дар оғӯши каси он сарв хиромон омадӣ
Кӣ шудӣ парвонаи моро маҷоли пар задан ?
Шамъ агар аз ҷомаи фонӯс урён омадӣ
Донае аз хирман ҳастӣ намемонадӣ баҷо
Бе ҳиҷоби абр агар он барқ ҷавлон омадӣ
Гар намешуд ҷилва ӯро латофати пардаи дор
Сарвро ҳар тавқи қамарии чашм ҳайрон омадӣ
Дар каманд оҳ меомадгар он ваҳшии ғизол
Дар рикоби оҳи ошиқро ба лаб ҷон омадӣ
Гар Аннани сайри худ гардун тавонистӣ гирифт
Ин сари шӯридаи мо ҳам ба сомон омадӣ
Гар ғарибӣ серума созад устихонатро равост
Соиб аз баҳр чаҳ берун аз сафоҳон омадӣ ?