Ёд дорад тахти шоҳони қулзуми хзрои басӣ
Сарнигӯн гардӣда зини киштии дарин дарёи басӣ
Хокҳо дар косаи саркарда чун мавҷи сароб
Раҳравони ташнаи лабро ҷилваи дунёи басӣ
Тарки дунёи пеш дунёдӯстон бошад азим
Варна дар қоф қаноат ҳаст азин анқои басӣ
На ҳамин қоруни фурӯ рафтааст дар хоки сиёҳ
Хешро гум кардаанд аз ҷустани дунёи басӣ
Хоксорӣ чун сарафрозӣ намедорад завол
Кӯҳҳоро пушти сар дидааст ин саҳрои басӣ
Шишаи пари заҳр гардун чист дар дайри Муғон
Ҳар тнки зарфӣ тиҳӣ кардааст азин минои басӣ
Осмони сангдил аз гиряи мо фориғ аст
Ёд дорад пули азин сайлоб бе парвои басӣ
Аз ҳазорон кас ки май бинии яке соҳибдил аст
Оҳӯӣ мишкӣн надорад домани саҳрои басӣ
Даст бурдор аз хами он зулф чун чавгон ки кард
Сарваронро гӯии майдони соиби ин савдои басӣ