Зери пои чархи кҷрФтор чун хобад касе ?

Дар раҳи ин сайл безинҳор чун хобад касе ?

Хоби мастӣ аз дар ва девор меҷӯшад чу май

Дар хароботи ҷаҳони ҳушёр чун хобад касе ?

Дар сарое каз дару девор сайл ояд бурун

Бехабар чун сӯрати девор чун хобад касе ?

Нӯки хорӣ аз гулистони ҷаҳон бекор нест

Дар чунин ҳангомае бекор чун хобад касе ?

Ташна хӯнаст теғи обдори каҳкашон

Зери ин шамшер безинҳор чун хобад касе ?

Шӯри булбули сабзаи хобида дар гулшан наҳашт

Дар чунин фаслии дарин гулзор чун хобад касе ?

Чашм бедорӣаст ҳар кавкаби дарин ваҳшати саро

Дар миёни ӣнқадари бедор чун хобад касе ?

Осмон чун хонаи занбӯри оташ дида аст

Дар таҳи ин сақфи оташбор чун хобад касе ?

Тангнои чарх соиб нест мأўои ҳузур

Дар даҳони шеру коми мор чун хобад касе ?