Дил чаҳ афтодааст дар ин хокдони бандад касе ?
Дар танури сард аз баҳр чаҳ нони бандад касе ?
Пой хоб олуд манзилро намебинад ба хоб
Бо замингирӣ чаҳ тараф аз осмони бандад касе ?
Бо қад хам гашта роҳи ишқ рафтан мушкил аст
Дар ҷавонӣ ба ки ин зиҳ бар камони бандад касе
То ба чанд аз содагӣ бар киштии ҷисми гарон
Ҳар нафаси лангар ба ҷои бодбони бандад касе ?
Дар гулистонӣ ки раведи дом чун сунбули зи хок
Ба ки бар шохи баландии ошёни бандад касе
Ин биёбонро ба танҳоӣ баридан мушкил аст
Чун ҷараси худро магар бар корвони бандад касе
Аз нузули дарду ғами изҳор дилгирӣ хатост
Ҳайф бошад дар ба рӯй миҳмони бандад касе
Чун қафас дар ҳар рагами чокӣ саросар ме равад
Дасти ишқи лоуболиро чисони бандад касе ?
Роҳи амни бихўдиро корвон дар кор нест
Дил чаро соиб ба ин афсурдагони бандад касе ?