Такя чанд аз заъф бар дӯш Асо дорад касе ?

Ин баннои сустро то кӣ бпо дорад касе ?

Эътимодӣ нест бар ҷамъият бе насабатон

Чанд поси оташу об ва ҳаво дорад касе ?

Чанд битавон уқда дар кор нафас зад чун ҳубоб ?

Ин банноро чанд бар по аз ҳаво дорад касе ?

Умр бо сад солаи улфат бевафое кард ва рафт

Аз ки дигар дар ҷаҳони чашм вафо дорад касе ?

Ман ки дорам то ғубор ифшоанд аз болу пурм ?

Вақти булбули хуш ки чун бод сабо дорад касе

Матлаби кунин дар оғӯш тарк муддаост

Брнёиди матлабаш то муддао дорад касе

Устихонам тўтё шуд аз гарониҳои ҷон

Ин зираро чанд дар зер қабо дорад касе ?

Ранҷи майли оташину партави миннат яке аст

Чашми бенаӣ чаро аз тўтё дорад касе ?

Хори саҳрои маломати хоб махмал ме шавад

Оташи шавқӣ агар дар зер по дорад касе

намешавад охири биёбони марг , бе дарди талаб

Чун Хизр ҳар гом агар сад раҳнамо дорад касе

Ҳар ки бо ҳақ ошно шуд , аз ҷаҳон бегона шуд

Нест бо ҳақи ошно то ошно дорад касе

Бетакаллуф , об хӯрдан берафиқон мушкил аст

Ман гирифтам чун Хизри об бақо дорад касе

Пардаи ҷамъияти хотир буд соиби ҳиҷоб

Бад набинад то назар бар пушт по дорад касе

Ин ҷавоби он ғазали соиб ки мегуяд малик

Чанд поси ваъда ҳар бевафо дорад касе ?