Чанд азон ороми бахши ҷон ҷудо бошад касе ?

Чашм бар дар , гӯш бар овоз по бошад касе

Сояи худро наме бояд дареғ аз хок дошт

Гар ба давлати боли иқбол ҳумо бошад касе

Як нигоҳи ошно куштааст эй золим киро ?

Ҳайф бошад ӣнқадар ноошно бошад касе

Бо чунон зулфӣ ки бар хок аз расое ме кашад

Давр аз инсофаст чандин норасо бошад касе

Ҳам ту худ инсофи даҳ , хубаст бо ин дастгоҳ

Бемурувват , беҳақиқат , бевафо бошад касе ?

Масти шӯ чун гул , гиребонӣ ба мастӣ чок кун

То ба кӣ чун ғунчаи дарбанд қабо бошад касе ?

намешавад аз тлхрўёни зиндагонии ногувор

Ман гирифтам ташнаи об бақо бошад касе

Шуд ҳисории шамъ дар фонӯс аз парвона ҳо

Бади гумон бо покдомонон чаро бошад касе ?

Бо вуҷӯди ишқ , оқил бӯдан аз девонагӣ аст

Шаҳр то бошад чаро дар рӯсто бошад касе ?

Дар камони чашм аз ҳадаф бардоштан соиб хатост

Ба ки дар ҳангоми перӣ бо худо бошад касе