Донаи мо дар замири хок будӣ кошкӣ

ё чу сар зад дар замони деҳқони дурудӣ кошкӣ

Он ки охири сар ба саҳро дод беболу пурм

Рӯзи аввали ин қафасро дар гушӯдӣ кошкӣ

Ҳар чаҳ аз дил мехӯрам аз рӯзем кам ме кунанд

Дар ҳарими синаи ман дил набӯдӣ кошкӣ

Он ки манъи мо зи парвоз парешон ме кунад

Фикри обу дона мо менамӯдӣ кошкӣ

Даст чун афтод холӣ , ҳиммат олӣ балост

Ончӣ дорам дар назар дар даст будӣ кошкӣ

Талхӣ аз дарёӣ бегавҳар кашӣдан мушкил аст

Дидаро ҳам ғамзааш бо дили рабӯдӣ кошкӣ

Май кушояди чашм бар рӯй ту пеш аз офтоб

Чашми мо ҳам толеъи ойӣна будӣ кошкӣ

Лаб гушӯдам , ғӯта дар ашк пушаймонӣ задам

Гулбуни ман то қиёмати ғунча будӣ кошкӣ

Он ки май резад ба роҳи ошноёни хори манъ

Сабзаи бегонаро аввали дурудӣ кошкӣ

Оина сатҳӣаст , ғӯри ҳасан натавонад намӯд

Пеши чашми мо ниқоб аз рух гушӯдӣ кошкӣ

Он ки дарди ғайрро пеш аз шунидан чора кард

Шамае соиби зи дарди мо шунӯдӣ кошкӣ