Нест эксирӣ ба олами беҳтар аз афтодагӣ
Қатра ночиз гардад гавҳар аз афтодагӣ
Аз тавозуъи афсари хуршед заррин гашта аст
Кам намегардад фурӯғи гавҳар аз афтодагӣ
Хасми саркашро ба нармӣ ме тавон хомӯш кард
Паст созад шуъларо хокистар аз афтодагӣ
наметавонад як нафаси офоқро тасхир кард
Ҳар ки чун партав кунад болу пар аз афтодагӣ
Аз барои партави худ меҳр мекард ихтиёр
Рутбае май буд агар болотар аз афтодагӣ
Рутбаи афтодагии ин бас ки шоҳон ҷо диҳанд
Сояи боли ҳуморо бар сар аз афтодагӣ
Бар сари шоҳон олам метавонад по гузошт
Ҳар ки чун хуршед созад афсар аз афтодагӣ
Хасми болои дастро хоҳӣ агар оҷиз кунӣ
Ҳеҷ фаннӣ нест соиби беҳтар аз афтодагӣ