Ҷилва барқӣаст нури офтоби зиндагӣ
Гардиш чашмӣаст даврони ҳубоби зиндагӣ
Аз вуҷӯди мо гул олудаст ин оби зулол
Варна дардӣ нест дар ҷоми шароби зиндагӣ
Ҷилваи субҳи нишоташи хандаи ворӣ беш нест
Дил манеҳ бар бодаи по дар рикоби зиндагӣ
Ҷуз пушаймонӣ надорад ҳосилии умри дароз
Оҳ афсӯсӣаст ҳар сатр аз китоби зиндагӣ
Умри ҷовидон агар дилро намесозад сиёҳ
Дар сиёҳӣ аз чаҳ пинҳонаст оби зиндагӣ ?
Ҳар нафаси фардӣ ба хок уфтад зи авроқи ҳавос
Чун ба зардӣ рӯ гузорад офтоби зиндагӣ
Ҳар чаҳ бошад нестӣ дар пай надорад бими марг
Бар нафас пайваста ларзад комёби зиндагӣ
Хоку боду обу оташро ба якдигари гузор
Даргузар аз олами пуринқилоби зиндагӣ
Сояи арбоби давлати шамъи роҳ зулмат аст
Хизр аз иқбол Сикандар ёфт оби зиндагӣ
Хоки саҳрои адамро май шуморади тўтё
Қатра зад ҳар каси ду рӯзӣ дар рикоби зиндагӣ
Аз қад хам гашта перон надорад ҳеҷ шарм
Аз сар пул меравад пайвастаи оби зиндагӣ
Гар дарин олам набӯдӣ мавҷи ашку мади оҳ
Оя раҳмат набӯдӣ дар китоби зиндагӣ
Бар гронхўобон буд кӯтоҳи шабҳои дароз
Тӯли шабро чашм бедораст оби зиндагӣ
Ман шудам дилгири соиби зини ҳаёти панҷ рӯз
Хизр чун оварад то имрӯзи тоби зиндагӣ ?