Чашми хўнборсти абри навбаҳори зиндагӣ

Оҳ афсӯсаст сарви ҷӯйбори зиндагӣ

Нест ғайр аз лаб гузидан нақулӣ ин паймона ро

Дардисар бисёр дорад мегусор зиндагӣ

Барг ӯ аз дасти афсӯсу самари бор дил аст

Дил манеҳ чун ғофилон бар баргу бори зиндагӣ

Дида аз рӯй таъаммул боз кун чун орифон

Каз нигоҳии резад аз ҳам пуду тори зиндагӣ

Май барад бо худ з бе тобии каманду дом ро

Дар каманд ҳар ки меуфтад шикори зиндагӣ

Эътимодӣ нест бар шерозаи мавҷи сароб

Дил манеҳ бар ҷилваи нопойдори зиндагӣ

Як дами хушро ҳазорон оҳи ҳасрат дар қафост

Харҷ беш аз дахл бошад дар диёри зиндагӣ

Бода як соғаранду пушт ва рӯй як варақ

Чун гули раънои хазону навбаҳори зиндагӣ

Аз тазалзули бихўдони нестӣ осӯда анд

Бар нафас пайваста ларзад шишаи бори зиндагӣ

Дар шабистон адам бошад ҳузури хоби амн

Нест ҷузи ташвиши хотир дар диёри зиндагӣ

Чун ҳубоби пуч аз поси нафас ғофил машав

Каз насимӣ рахна уфтад дар ҳисори зиндагӣ

Борҳо сар дод бар бод ва ҳамон аз содагӣ

Шамъ гардан мекашад аз интизори зиндагӣ

Дорад аз барқи сабки ҷавлони тамаъи астодгӣ

Ҳар ки аз ғифлат диҳад бо худ қарори зиндагӣ

Чун нагардад сабз дар майдони ҷонбозони ишқ ?

Нест Хизри неки пайгар шармсори зиндагӣ

Гар ба сахтӣ бесутун гардӣдае , чун ҷӯии шер

Нарм созад устихонатро фишори зиндагӣ

Марг чун мӯӣ аз хамир осон кашад беруни туро

Решагар дар санги дорӣ дар диёри зиндагӣ

Чун шарар бо рӯй хандони хурда ҷон кун нисор

Чанд ларзӣ бар зари ноқиси айёри зиндагӣ

То нигардидааст даст аз раъшаи ?ут бе ихтиёр

Даст бурдор аз Аннани ихтиёри зиндагӣ

Мавҷи оби зиндагонӣ май шуморади теғ ро

Ҳар ки пеш аз марги шаст аз худ ғубори зиндагӣ

наметавонад шуд шафиъи рӯзгорон дигар

Ончии сарф ишқ шуд аз рӯзгори зиндагӣ

То дами субҳи қиёмати нақши бандад бар замин

Ҳар ки уфтад аз нафас дар зери бори зиндагӣ

Хоки саҳрои адамро тўтё хоҳем кард

Ончӣ омад пеши мо аз раҳгузори зиндагӣ

Сабзаи зер санг натавонист қомат рост кард

Чист ҳоли Хизр ёрб зери бори зиндагӣ

Барг сабзӣ мекунад мо бенавоёнро ниҳол

Беш аз ин хушкӣ макун эй навбаҳори зиндагӣ

Дорад аз ҳар муваҷҷаҳ эй соиби дарин ваҳшати саро

Наъл бетобӣ дар оташи ҷӯйбори зиндагӣ