Кӣ кунад ғофили дили огоҳро хобидагӣ ?
Аз расӣдан нест монеъи роҳро хобидагӣ
Аз дили бедор кӯтаҳ мешавад роҳи дароз
Давр месозад раҳи кӯтоҳро хобидагӣ
Дар ҳиҷоби абр ғофил нест аз заррот , меҳр
Парда бениш нагардад шоҳро хобидагӣ
Ҷамъ созад дар камӣни сайёди худро бештар
намекунад бедортар он моҳро хобидагӣ
Теғи лангардорро дар қатъ , даст дигараст
Бол ва пар гардад дили огоҳро хобидагӣ
Дар замини гирони ғифлати пандро таъси нест
Аз ҷарас камтар нагардад роҳро хобидагӣ
Фитнаро бедории давлат буд хоби гарон
Хуш набошад соҳибони ҷоҳро хобидагӣ
Хасм чун ҳамвор шуд аз макр ӯ эмин машав
Фитна бошад оби зери коҳро хобидагӣ
Чун тавонад сабзаи зери санги қомат рост кард ?
Санг раҳ шуд соиби гумроҳро хобидагӣ