Сари фурӯи норад ба гардуни ахтари девонагӣ
Гирд хокистар нагирад ахгари девонагӣ
намезанад пар дар фазои ломакон бо он ки ҳаст
Зери санги кӯдакони болу пари девонагӣ
Май шуморад дар шумори доғҳои хомсўз
Офтоби рӯзи маҳшарро сари девонагӣ
Саҳл бошад кӯҳкангар сар ба ҷой по гузошт
Кӯҳро аз пои дароради соғари девонагӣ
Коши теғаш аз ниёам хок меомад бурун
То ба маҷнӯн менамудем ҷавҳари девонагӣ
Ҳаст то санги маломати барқарори хештан
Пушти худ бар кӯҳ дорад лашкари девонагӣ
Баҳр ақласт он ки ҳар мавҷӣ ба занҷираш кунад
Нест лангари гири баҳри ахзари девонагӣ
Сина бар дарёии оташ май занам ҳамчун сапанд
То ба мағзам хӯрд буии миҷмари девонагӣ
Дар диёри содаи лавҳони нақш бор хотираст
Маҳв созад сиккаро аз худ зари девонагӣ
Чархро дар ним ҷавлони зер по ме оварад
Санги Тифлон гар нагардад лангари девонагӣ
Бистари бемори ақл аз як арақ гардад хунак
То қиёмат гарм бошад бистари девонагӣ
Ҳар ки худро фард ботил кард дар девони ақл
Ҳамчу соиб мешавад сардафтари девонагӣ