Гар ба кори хештан чун шамъ бино будамӣ

Зери теғи маҳфили орои пой бар ҷо будамӣ

Ихтиёрӣ нест сайри ман зи дарё чун гуҳар

Гар ба дасти ман бадӣ дар қаър дарё будамӣ

Бодаи талхи маро май буд агар ҳуби ватан

Кӣ чунин осӯда дар зиндон мино будамӣ ?

Сӯхтам дар қайд ҳастӣ , кош дар зиндони хок

Ин ки дар банди худам дар банд аъдо будамӣ

Соф агар май буд бо ин хушгувории хӯни ман

Ризқи он лабҳои мегаван ҳамчу саҳбо будамӣ

Гар намешуд доми роҳами риштаи тӯли амл

Ҳамчуи сӯзан дар гиребон масеҳо будамӣ

Гар намезад роҳи маҷнӯни марои тадбири ақл

Бо ғизолони ҳамсафар дар кӯҳ ва саҳро будамӣ

Маҳв мекардам агар аз дили ғубори ҷисм ро

Кӣ чунин дар об ва дар ойӣна пайдо будамӣ ?

Бесару поеи фалакро ҳалқаи он дар намӯд

Коши ман ҳам ҳамчуи гардун бесар ва по будамӣ

Рафтаам беруни зи хеш ва дар ҳиҷобам ҳамчунон

Нестам борӣ чу ӣнҷои кош онҷо будамӣ

Рӯз намегирданд соиб аз ман он ойӣнаи рӯ

Аз сафои дил агар ойӣна симо будамӣ