Сар ба ҷайби фикр бар то аз фалаки беруни шӯй

Бар камии зан то чу моҳи иди рӯзафзӯни шӯй

Лаб бабанд аз гуфтугӯ то роҳ гуфторат диҳанд

Бигузар аз чун ва чаро то муҳаррами бичўни шӯй

Асия гардад ба гирди дона чун гардид пок

Фарди шӯ то нуқтаи паргор на гардуни шӯй

Хусравонро душманӣ чун кишвар бегона нест

Аз сар ғифлат мабод аз ҳади худ беруни шӯй

Хоки пои хоксорони кимиёӣ ҳикмат аст

Пеши хами зонуии худ таҳ кун ки афлотӯни шӯй

Аз миён бурдор девори садафро эй гуҳар

То чу мавҷи соФдли икрнг бо Ҷайҳуни шӯй

Аз хаёли чашми Лайлӣ шарм кун эй шӯхи чашм

Волаи чашми ғизолон чанд чун маҷнӯни шӯй ?

Сим ва зар ронӣаст дар мизони бениши эътибор

Ҳамчунон дар пилаи хокӣ агар қоруни шӯй

Сарвро як мисра аз қайди хазон озод кард

Зиндаи ҷовид май гардӣ агар мавзуни шӯй

Иллат аз маълулу ризқ аз ҷон намегардад ҷудо

Чанд соиби зери бори миннат ҳар дуни шӯй ?