Ханда биҷо мазан то таън биҷо нашнавӣ

По манеҳ беруни зи роҳи шарм то по нашнавӣ

То ту ҳасану ишқро аз икдгри донеи ҷудо

Буии Юсуф аз гиребон Зулайхо нашнавӣ

Кӯҳ дар ради садо беихтиёр афтода аст

Бо гаронқадрон магӯ ҳарфи сабк то нашнавӣ

Гӯши худро чун садаф сангин кун аз оби гуҳар

То зи абри овозаи эҳсон дарё нашнавӣ

Гӯши тан чун ҳалқа аз берун дар дорад хабар

Зинҳор аз тан прессатон қисса мо нашнавӣ

Сатҳён чун каф надоранд аз дили дарёи хабар

Ҳарфи ишқ аз зоҳидӣ бодпимо нашнавӣ

Кофарони бутро ба маъбудӣ ситоиш ме кунанд

Васфи дунё зинҳор аз аҳл дунё нашнавӣ

Толеъ шӯҳрат надорад дар ватани фикри ғариб

Буии анбар то буд соиб ба дарё нашнавӣ