Ҷом ҳайҳотаст аз саҳбо кунад паҳлуи тиҳӣ

Ин ҳубобӣ нест каз дарё кунад паҳлуи тиҳӣ

Остонаши саҷдаи гоҳ сарфарозон ме шавад

Ҳар ки чун миҳроб аз дунё кунад паҳлуи тиҳӣ

Рафт бар боди фано дар як нафаси умри ҳубоб

Ин сазои он ки аз дарё кунад паҳлуи тиҳӣ

Домани нуқсони мада аз каф ки чун гардад тамом

Маи зи хуршеди ҷаҳон оро кунад паҳлуи тиҳӣ

Аҳли бениш (ро ) гзир аз сахтӣ айём нест

Ин шарорӣ нест каз хоро кунад паҳлуи тиҳӣ

Зини гронҷонон ки кӯҳи қоф азишон шуд сабк

Вақти он каси хуш ки чун анқо кунад паҳлуи тиҳӣ

Дар гулистонӣ ки ашки мо саросар ме равад

Лола аз шабнами з истиғно кунад паҳлуи тиҳӣ

Аз шабихуни аҷал соиб нагардад музтариб

Ҳар ки пеш аз марг аз дунё кунад паҳлуи тиҳӣ