Чаманро доғ дорад рӯят аз гулҳои пай дар пай
зи райҳонҳои ҷонпарвар , зи сунбулҳои пай дар пай
Зиҳии иқболи рӯзафзӯн , зиҳии умеди гӯногӯн
Агар дорад талофии ин тағофулҳои пай дар пай
Дар оғози хат аз назора рӯйиш машав ғофил
Ки ин гул мешавад пинҳони зи сунбулҳои пай дар пай
зи хок нарм гардад нахлро нашаву намои афзӯн
Намояди ҳасанро саркаши таҳаммулҳои пай дар пай
Чаҳ болу пари кушояди андалеби мо дар он гулшан
Ки гардад дасти гулчини ғунча аз гулҳои пай дар пай
Таваккул кун ки шуд аз санги Тифлони рӯзии маҷнӯн
Мусалсали ҳамчуи занҷир аз таваккулҳои пай дар пай
Маро аз чарби нармиҳои хати ёр равшан шуд
Ки дорад захми хорӣ дар қафои гулҳои пай дар пай
Маро дорад ду дили пайваста дар хавфу раҷои соиб
Навозишҳои гӯногӯн , тағофулҳои пай дар пай