Набошад давлати бедорро чун инқилоб аз пай ?

Ки дорад шабнами ин боғи чашми офтоб аз пай

Лаби сероби эмин аз газанди чашм чун бошад ?

Ки аз тбхол дорад тишнагии чашми пари об аз пай

Мёўр бар забони ҳарфӣ ки натавонӣ шунид он ро

Ки дар кҳсор бошад ҳар сўӣолиро ҷавоб аз пай

Ҳадиси рост дар як дам кунад офоқро равшан

Ки медорад ливои субҳи содиқи офтоб аз пай

зи чашми захм , ғаввоси гуҳари солим куҷо монад ?

Ки оби талхи дарёро буд чашми ҳубоб аз пай

Машав зинҳори эмин аз хумори бодаи ъушрат

Ки дорад хандаи гули гиряи талхи гулоб аз пай

з хат гуфтам шавад кам хоби ноз ӯ , надонистам

Ки дорад буии райҳони лашкари сангини хоб аз пай

Аҷаб дорам зи хоб марг гардад гарми мижгонаш

Ҳар он оташ ки дорад ашки ҷонсӯзи кабоб аз пай

Нафас нашимурда кардам сарф дар кори сухани соиб

Надонистам ки ин ақд гуҳар дорад ҳисоб аз пай