Маро аз ишқи доғӣ бар дил аФгор боистӣ

Чароғӣ бар сари болини ин бемор боистӣ

намешуд фурсати хоридни сари боддстон ро

Ба миқдори харобигар маро меъмор боистӣ

Ғалат кардам науфтодам ба фикри зоҳророиӣ

Ба ҷои ақл дар сари турра дастор боистӣ

Набошад такя гоҳе ғунчаро беҳтари зи шохи гул

Сари Мансурро болини зи чӯб дор боистӣ

Ҷунунро май намояд чун фалохани санги дасти афшон

Дили девонаи мо бар сар бозор боистӣ

Ба обам ронад ғифлат , варна ин умри гиромӣ ро

Ки дар гуфтор кардам сарф , дар кирдор боистӣ

Даҳони мӯрро пар хок дорад безабонӣ ҳо

Марои теғи забон чун мор безинҳор боистӣ

Нашуд аз чашми шӯх ӯ нигоҳии қисматами ҳаргиз

Марои ҳам баҳрае зини давлат бедор боистӣ

Яке сад шуд зи тасбеҳи риёеи уқдаи корам

Маро аз хати соғар бар камар зуннор боистӣ

Ба тори ашк соиб мекашидам реги ҳомӯн ро

Ба қадари ҷурм агар тасбеҳ истиғфор боистӣ