Чароғи гул агар дар зери боли булбулон будӣ
Куҷои авроқи гул дар дасти тороҷи хазон будӣ ?
Куҷои гул бар сари бозори расвои дукони чидӣ ?
Калиди боғ агар дар ошёни булбулон будӣ
Димоғи бол афшонӣ надорад андалеби мо
Чаҳ будигар қафаси ҳамсояи ин ошён будӣ
Гиреҳ дар кор ман афтод аз танги даҳон ӯ
намешуд кор бар ман танг агар ӯро даҳон будӣ !
Ман он рӯзӣ ки чун шабнами азизи ин чаман будам
Ту эй боди саҳаргоҳии куҷо дар бӯстон будӣ ?
Нҳштии гирди роҳ аз худ бишӯяд Юсуфи мо ро
Ту эй гирди касодӣ дар паии ин корвон будӣ
Кунун хори сари девор доман мекашад аз ту
Хушо рӯзӣ ки соиби шабнами ин бӯстон будӣ