зи ширинии итоб ӯ шикархандаст пиндорӣ
Забон дар ком ӯ бодом дар қандаст пиндорӣ
Ба печу тоб тай мегардад айёми ҳаёти ман
Раги ҷонам ба он мӯӣ миён бандаст пиндорӣ
Чу шохи гул ба ҳар ҷо аз саропояш назар уфтад
Чу он лабҳои ширин дар шикархандаст пиндорӣ
Кунад чун ҳалқаҳои доми ваҳшат аз назарбозон
Нигоҳ ӯ ғизоли ҷуста аз бандаст пиндорӣ
Ба айб худ науфтад дидаи ҳаргизи ъибҷўён ро
Ба чашм бебасират айб фарзандаст пиндорӣ
Пари коҳии зи эҳсони сабки мағзон бе ҳосил
Ба чашми ғайрати ман кӯҳ алвандаст пиндорӣ
Ба истиқболи Лайлии барнамеи хезади зи ҷои худ
зи чашми оҳӯони маҷнӯни нзрбндсти пиндорӣ
Надорад бе пари парвонаи обу тоб дар маҳфил
Ниҳоли шамъ , сабз аз барг пайвандаст пиндорӣ
Ба чашм ҳар ки пӯшидааст чашм аз олами имкон
Фалак бар тоқи нисёни шиша Эй чандаст пиндорӣ
намеояд ба чашми мӯшикофони соиб аз танагӣ
Даҳони танг ӯ ризқ ҳунармандаст пиндорӣ