Мҷу чун ғофилон аз олами асбоби бедорӣ

Ки пайдо кам шавад дар пардаҳои хоби бедорӣ

Машав аз саҷдаи он тоқи абрӯи як нафаси ғофил

Ки мехоҳад ба ҷои шамъи ин миҳроби бедорӣ

Насиҳат бесамар бошад замини гирони ғифлат ро

Нингизди раҳи хобидаро аз хоби бедорӣ

Ба унвонӣ ки сӯзади шамъи равшани пардаи шаб ро

Фазояд зиндаи дилро бистари санҷоби бедорӣ

Дили огоҳ то дорад нафас аз пой нанишинад

Нагирад ҳеҷ ҷои ором чун симоби бедорӣ

зи моҳ осмон гардад дарави боми назари равшан

Даруни хонаи дилро буд маҳтоби бедорӣ

Нагардад синаи пок аз орзӯҳо бо гронхўобӣ

Буд ин хору хасро оташини сайлоби бедорӣ

з рӯй шабнами афшони хоби ноз ӯ гаронтар шуд

Агар чаҳ ҳаст хоб олудро аз оби бедорӣ

Мада дар гӯши худ раҳи гуфтугӯии аҳли ғифлат ро

Ки мегардад азин афсонаи масти хоби бедорӣ

Дили равшан буд аз дида бе хоби мустағнӣ

Чароғ рӯз бошад дар шаби маҳтоби бедорӣ

Шуд аз афсонаи ҳасани ту аз баси хобҳо ширин

Ниҳон шуд аз назар чун гавҳар ноёб бедорӣ

зи як бедори дили сдмрдаҳи дил бедор ме гардад

Ки оламро диҳад хуршеди ъолмтоби бедорӣ

Машав ғофили зи печу тоб агар дили зиндае соиб

Ки ҷавҳардор мегардад зи печу тоби бедорӣ