Аз мавҷи гиряи мо бар фалак ахтар кунад бозӣ

зи шӯри қулзуми мо дар садаф гавҳар кунад бозӣ

Абаси хуршед тобон мезанад сарпанҷа бо оҳам

Сар худ мехӯрд шамъӣ ки бо сарсар кунад бозӣ

зи зӯри бодаи ман шишаи гардун хатар дорад

Ба коми дили чисони ин бода дар соғар кунад бозӣ ?

Сари мижгони хўнризи ту осоиш наме донад

зи шухии оби ин шамшер бо ҷавҳар кунад бозӣ

Сазовори дил бетоб саҳройӣ наме ёбам

Сапанди ман магар дар водӣ маҳшар кунад бозӣ

Маро чун ашк ҳар сӯ медуанд чашми пари корӣ

Ки ҳар мижгон ӯ дар олам дигар кунад бозӣ

Ба бозии бозӣ аз ман май баради дили Тифл бе бокӣ

Ки гар уфтад раҳаш дар доман маҳшар кунад бозӣ

Тамом рӯз дорад доғ аз шухии муаллим ро

Тамом шаб нишинад гӯшае аз бар кунад бозӣ !

Такаллум чун кунад гӯши садаф аз дар гарон гардад

Табассум чун намояди об дар гавҳар кунад бозӣ

Кушояд чун даҳан , ширинӣ ҷон мешавад арзон

Занад чун меҳр бар лаби қимат шукр кунад бозӣ

Дили девона Эй дорам ки бар занҷир ме хандад

Сари шӯрида Эй дорам ки бо ханҷар кунад бозӣ

зи сӯзи ҷони каф хокистарӣ гардид охири дил

Сапандӣ то ба кӣ дар арса миҷмар кунад бозӣ ?

Агар ман аз замири равшани худ парда бурдорам

Сиришки грмрў бо дида ахтар кунад бозӣ

Чунон ойӣнаи дилро занам бар санг бе раҳмӣ

Ки дил дар синаи гардун бадгавҳар кунад бозӣ

Ғубори ҷисм то кӣ пардаи рухсор ҷон бошад ?

Касе то чанд чун ахгар ба хокистар кунад бозӣ ?

Чаҳ болу пари кушояди дил ба зери осмони соиб ?

Чисон дар хонаи танги садаф гавҳар кунад бозӣ ?