Азон печидаам ҳамчуи садо дар зарфи хомӯшӣ

Ки натавонади ниҳоди ангушти кас бар ҳарфи хомӯшӣ

Насозад серумаи офоқи шабгардии нафаси гираш

Кунад чун субҳдам ҳар каси нафасро сарфи хомӯшӣ

Азон ризқ садаф гардид файзи олами боло

Ки бо он дстгаҳ дарё надорад зарфи хомӯшӣ

Ҳамин баси фазли хомӯшӣ ки дар ҳар анҷуман бошад

Ба нек ва бад науфтад бар забонҳо ҳарфи хомӯшӣ

Буд чун писта бемағз , соиби бод дар дасташ

Набандад аз лаби гуфтор ҳар каси тарафи хомӯшӣ