Ҳиҷоби ҷисмро аз пеш ҷон бурдор эй соқӣ

Маро магузор зери ин куҳани девор эй соқӣ

Ба тангам аз вуҷӯди худ , шаробӣ орзӯ дорам

Ки зӯр ӯ шикофади шишаро чун нор эй соқӣ

Май ангурӣ танҳо маро аз по наяндозад

Саросари боғро бар икдгр бифишор эй соқӣ

Бараҳна рӯй мехоҳам бубинами духтари руз ро

Ҳиҷоби шишау паймонаро бурдор эй соқӣ

Ба як ратл гарон бурдор бор ҳастӣ аз дӯшам

Ман афтодаро магузор зери бор эй соқӣ

Ба роҳӣ меравад ҳар торӣ аз зулфи ҳавоси ман

Маро шероза кун аз мавҷ май зинҳор эй соқӣ

Чаро аз ғайрати мазҳаб буд кам ғайрати машраб ?

Маро дар ҳалқаи аҳл риё магузор эй соқӣ

Чароғи тавр дар фонӯс мастурӣ наме гунҷад

Буруновар маро аз пардаи пиндор эй соқӣ

Шароби оштии ангези машрабро ба дўроўр

Бидиҳ тасбеҳро пайванд бо зуннор эй соқӣ

Адиб шаръ мехоҳад ба зӯрам тавба фармоед

Ба ҳоли худ ман шӯридаро магузор эй соқӣ

зи инсоф ва мурувват нест дар аҳди ту равшангар

Занад ойӣнаи ман ғӯта дар зангор эй соқӣ

Надорад бозгаштии куфру дайни ғайр аз сари кӯяш

Ба дарё меравад ҳар силӣ аз кҳсор эй соқӣ

Ба шукри ин ки дории шишаҳо пари бодаи ваҳдат

Ба ҳоли хеши соибро чунин магузор эй соқӣ