Ба ин пастии фарози чархи ҷои хеш май хоҳӣ

Сари афлокро дар зери пои хеш май хоҳӣ

Сулаймон ёфт аз тарки ҳавои зери нигини олам

Ту оламро ба фармони ҳавои хеш май хоҳӣ

Надорӣ бар ризои ҳақи назар чун кӯтаҳ андишон

Ҷаҳонро ҷумлаи маҳкӯми ризои хеш май хоҳӣ

Гулӯии нафас чун фиръавнро муҳкам ба даст овар

Чу Мӯсои аждаҳорогар Асои хеш май хоҳӣ

Ба ғифлат сарф кардӣ нақди айёми ҷавонӣ ро

з бе шармии ҳамон умр аз худои хеш май хоҳӣ