То зи рухсор чу ма парда барандохта Эй
Сӯзи хуршед ба ҷон қамар андохта Эй
Дар саропои ту кам буд балои дилу дайн ?
Ки зи хати тарҳи балоӣ дигар андохта Эй
Давлати ҳасани ту вақт аст шавад по ба рикоб
Кори моро чаҳ ба вақт дигар андохтае ?
Ту ки дар хонаи з шухӣ нанишинӣ ҳаргиз
Рахти моро чаҳ зи манзил ба дар андохтае ?
Талхи комони ту аз мӯр фузунанд , чаро
Мӯри хатро ба тилисм шукр андохтае ?
Гарчи дар боғи ту гул бар сари ҳам май резад
Хор дар дидаи аҳл назар андохта Эй
Нест дар боғи ниҳолӣ ба барӯмандии ту
Сояро охиру аввал самар андохта Эй
Шиква аз талхии дарёӣ мукофот макун
Ту ки чун сайли дусад хона барандохта Эй
Дили шаби маҷлис ағёр барафрӯхта Эй
Кори соиб ба дуоӣ саҳар андохта Эй