Рӯй дил бо ҳамаи кас дар ҳама ҷо дошта Эй

Дар таҳи пардаи найранг чҳо дошта Эй

Ту ки бовар накунӣ сӯзи ман сӯхта ро

Даст бар оташам аз давр чаро доштае ?

Аз дили хаста мо нест ғуборӣ бар ҷо

Дили мо хуш ки хабар аз дил мо дошта Эй

Рӯй нарми ту ниқоби дил сангин бӯда аст

Чаҳ зираҳо ки ниҳони зер қабо дошта Эй

Домани поки ману парда шармаст яке

Ба чаҳ тақсири зи худ давр маро доштае ?

Нест дар риштаи шаби ахтари тобони чандон

Ки ту дил дар хами он зулф дўто дошта Эй

Монеъи гардиши афлок туоне гардид

Ба ҳамон гӯшаи чашмӣ ки маро дошта Эй

Сухани обилаи пешати гиреҳӣ бар бодаст

Ту ки дар роҳи талаби по ба ҳино дошта Эй

Чорпҳлўи шикам на фалак аз суфра туаст

Пеши парвардаи худ даст чаро доштае ?

Хаҷал аз рӯй сулаймони замон хоҳӣ шуд

Бар дили мӯрӣ агар зулм раво дошта Эй

Ту ки сероб кунӣ реги равонро ба хиром

Соиби сӯхтаро ташна чаро доштае ?