Неи худро башикангар шукрӣ май талабӣ

Барг аз худ бФшонгар самарӣ май талабӣ

Хабарӣ нест ки дар бихбрӣ натавон ёфт

Бихбри шӯи зи ҷаҳонгар хабарӣ май талабӣ

Аз худӣ то асарӣ ҳаст , дуо бе асараст

Бе асари шӯ , зи дуогар асарӣ май талабӣ

По ба домани каш ва аз ҳар ду ҷаҳон чашм бапуш

Гар азин хонаи торики дарӣ май талабӣ

Сабр чун ғунча ба хомӯшӣ ва дилтангӣ кун

Гар гушоиши зи насими саҳарӣ май талабӣ

Даҳани худ чу садафи поки дарин дарё кун

Агар аз абри баҳорони гуҳарӣ май талабӣ

Хизри тавфиқи пай гумшудагон ме гардад

Хешро гум кун агар роҳбарӣ май талабӣ

Дод аз партави худ бол ба шабнами хуршед

По ба домани каш агар болу парӣ май талабӣ

Садаф обила бошад кафи афсӯси туро

То ту гум карда худ аз дгарӣ май талабӣ

Чун шарари дидаи равшани з ҷаҳон кун таҳсил

Агар аз сӯхтаи ҷонони асарӣ май талабӣ

Хизр чун сабза занад мавҷи дарин домани дашт

Пой дар раҳ на агар ҳамсафарӣ май талабӣ

Оби худ соф кун аз пардаи гулҳо соиб

Гар зи хуршед чу шабнами назарӣ май талабӣ