Нест пурвои баҳорам , ману кунҷи қафасӣ
Ки барорам ба фароғати зи таҳи дили нафасӣ
Сатҳёни ғӯр маъонӣ натавонанд намӯд
Ризқ мавҷаст зи дарёии гуҳари хору хасӣ
Дил афсурда нагардад ба насиҳати бедор
Роҳ хобида нахезад ба садои ҷарасӣ
Зуди ҳамвори зи ҷамъият манзил гардад
Ҳаст дар роҳ агар қофиларо пеш ва пасӣ
Шуд дили равшани мо аз сухани пучи сиёҳ
Чаҳ кунад оина дар дасти парешони нафасӣ ?
Гӯшагирӣ ки буд шод ба сайёдии халқ
Анкабутӣаст ки нозад ба шикори магасӣ
Даври гардон ту доранд марои доғу кабоб
Ман чаҳ мекардам агар раҳ ба ту май барад касе
Ҳаст дар дасти қазои басту кушод дар айш
Гиреҳ аз ҷабҳа ба нохун нагушӯдааст касе
Биксони рости худои ҳофиз аз офоти замон
Дузди камтар буд онҷо ки набошад асасӣ
Соиб аз хоҳиши биҷои дили ман гашти сиёҳ
Вақти он хуш ки надорад зи ҷаҳони мултамисӣ