Дар сари мурдаи дилони шӯр надидааст касе

Нафаси гарми зи кофур надидааст касе

Сабзаи шӯра замин нест ба ҷузи мавҷи сароб

Ҳосил аз олами пуршӯр надидааст касе

Хоки зери қадами нарми равон осӯда аст

Гирд аз қофилаи мӯр надидааст касе

Аз арақи чеҳраи гулранги ту биҳушами сохт

Май мамзуҷ ба ин зӯр надидааст касе

Ҳар ки чун об хӯрд бода , нагардад сархуш

Мастӣ аз наргиси махмур надидааст касе

Кист гирад хабар аз қофилаи грмрўон ?

Ки ба ҷузи оташӣ аз давр надидааст касе

Шодӣ аз пери куҳансол наме бояд ҷуст

Хандаи ҳаргизи зи лаби гӯр надидааст касе

Нақшбандон хаёланд назарбозонаш

Варна он чеҳраи мастур надидааст касе

Шуд зи хати чеҳраи гулранги ту афрӯхта тар

Моҳ дар абр ба ин нур надидааст касе

Сарви болои туро ҷӯш баҳораст мудом

Бргриз аз шаҷари тавр надидааст касе

Нест ин ғамкада бе сайли ҳаводиси соиб

Зери гардуни дили маъмур надидааст касе