На чунон донаи дили сӯхти зи савдоӣ касе
Ки шавад сабзи зи оби рухи зебоӣ касе
Об азон дар қадами сарв ба хок афтода аст
Ки надорад хабар аз қомати раъноӣ касе
Хона зодаст сияҳи мастии соҳиби назарон
Чун қадаҳ чашм надоранд ба саҳбоӣ касе
Ман гирифтам накунам рози ниҳонро изҳор
Чаҳ кунам оҳ ба ғаммозии симоӣ касе ?
Даъвии ҷилва мастона макун эй шамшод
Кин қабоеаст ки зебост ба болой касе
На чунон шуъла кашидааст ки хомӯш шавад
Оташи шавқи ман аз домани саҳроӣ касе
Чаҳ хаёласт ки аз сина дигар ёд кунад
Дил ҳар кас равад аз ҷо ба тамошоӣ касе
На чунон гашти парешони дили сад пораи ман
Ки маро ҷамъ кунад зулфи длороӣ касе
Сар ба сари фохтагони ҳалқа берун даранд
Саркаши афтодаи зи баси сарви длороӣ касе
Серума дар дида анҷум кашад аз битобӣ
Мушти хокистарам аз оташи савдоӣ касе
Ҳар нафас май занами оташ ба ҷаҳон аз ғайрат
Ки мабодо шаканд хори ту дар пой касе
Аз ғам рӯй замин танг нагардад соиб
Гарчи дар сина ошиқ набӯд ҷой касе