Чанд дар фикри сароу ғам манзил бошӣ ?

Гузарад қофилаи умр ва ту ғофил бошӣ

Дар саранҷом сафар бош ва сабк кун худ ро

Ту на он донаи шухӣ ки дарин гул бошӣ

Каъба дар гом нахустин кунад истиқболат

Аз сари сидқ агар ҳамсафар дил бошӣ

Чашм бигушоӣ ки хоки ту ҳамон хоҳад буд

Ҳамчуи девор ба ҳар сӯй ки моил бошӣ

Азм бар ҳам задан ҳар ду ҷаҳонгар дорӣ

Ҳеҷ тадбир чунон нест ки икдл бошӣ

Гар дар ороиши зоҳир дгарон ме кӯшанд

Ту дар он кӯш ки фархунда шамоил бошӣ

Дили дарёи садафи гавҳари шҳўор буд

Ту тиҳии мағзи талабкор ба соҳил бошӣ

Гарчи хӯни ту ба шамшери тағофули резад

Шарт ишқаст ки шарманда қотил бошӣ

Киштӣ тан башикан , чанд дарин қулзуми хӯн

Таҳтаи машқи сад андеша ботил бошӣ ?

Дар хазон монеъ савдост агар бе баррагӣ

Дар баҳорон чаҳ зарураст ки оқил бошӣ ?

Ҳосил ҳар ду ҷаҳони сарф агар бояд кард

Саъй кун саъй ки шоистаи як дил бошӣ

Ғам беҳосилӣ хеш нахурдӣ як бор

Чанд дар фикри замину ғам ҳосил бошӣ ?

Даврии роҳи ту соиби зи гронборӣ ҳост

Бор аз хеш биндоз ки манзил бошӣ