Сӯхтӣ дар арақи шарму ҳаё эй соқӣ

Ду се ҷомӣ бикаш аз шарми бро эй соқӣ

Аз майу нақл ба як бӯса қаноат кардем

Раҳм кун бар ҷигари ташнаи мо эй соқӣ

Чанд чун шамъи зи фонӯс ҳисорӣ бошӣ ?

Бетакаллуф бигушо банди қабо эй соқӣ

Пунбаро вақти саҳар аз сар мино бурдор

То барояд май хўршидлқо эй соқӣ

Бӯса додӣ ба лаби ҷом ва ба дастам додӣ

Умри боду мазаи умри туро эй соқӣ !

Шудаам барги хазони дидае аз ранҷи хумор

Дар қадаҳи рез май лаъли қабо эй соқӣ

Даҳанам аз лаби ширин ту шуд танги шукр

Чун бигӯям ба ду лаби шукри туро эй соқӣ ?

Шуъла беравған агар зинда тавонад бӯдан

Табъ бе менакунад нашаву намо эй соқӣ

( заҳмати ранги ҳино бар яд Байзо мапаснд

намекунад партав май кори ҳино эй соқӣ )

( Хизр агар буии зи кайфияти соғари бабрад

Об ҳайвон бидиҳад рӯй намо эй соқӣ )

( қатраегар бчкд аз май хўнгрм ба хок

Равед аз шӯраи замини мҳргё эй соқӣ )

Соиби ташнаи ҷигарро ки камӣн банда туаст

Аз назар чанд бароне ба ҷафо эй соқӣ ?