Май васли ту ба кам ҳавсилаҳо арзонӣ
Ншоӣаҳи хӯни ҷигари бод ба мо арзонӣ
Мо туҳидастии худро ба ду олам надиҳем
Нақди васли ту ба ин мушти гадои арзонӣ
Дасти мо кам шавад аз чоки гиребони холӣ
Дасти ағёр ба он банди қабои арзонӣ
Ҳиммат мо накушуд миннати ёрии з касе
Буии пероҳани Юсуф ба сабои арзонӣ
Гар намешуд адабами банди забон , ме гуфтам
Бӯса бар дасти ту додан ба ҳинои арзонӣ
Дар чамани хона гирифтани гул Форғболӣ аст
Чори девори қафаси бод ба мо арзонӣ
Соиби он гул накунад гӯш агар бар суханат
Гулшан ҳасан мабодаш ба сафои арзонӣ