То кӣ андешаи ин олам пуршӯр кунӣ ?
Даст то чанд дарин хона занбӯр кунӣ ?
Хилвати хоси ту дар хона дил хоҳад буд
Хонаи гул чаҳ зарураст ки маъмур кунӣ ?
Чанд дар хоб равад умри ту эй бепарво ?
Он қадри хоби нигаҳи дор ки дар гӯр кунӣ
Шаби паии хоби ту бас нест ки аз бе хабарӣ
Рӯзи нӯронии худро шаб диҷўр кунӣ ?
Хурдиро ки наҷоти ту азу хоҳад буд
То ба кӣ ғарқа ба хӯн аз меангур кунӣ ?
Рустам аз силии тақдир ба хок афтода аст
То ба кӣ такя ба сарпанҷа пурзӯр кунӣ ?
Агар аз хон қаноати назарии оби диҳӣ
Хоки олами ҳама дар коса фағфур кунӣ
Нақди ҳол ту шавад бе ғамии олами қудс
Чун ғами рафтау ояндаи зи дил давр кунӣ
Хӯшааш рӯзи ҷазои тоҷ сулаймон бошад
Донаеро ки нисори қадам мӯр кунӣ
Сар чаҳ бошад ки дареғ аз сухан ҳақ доранд ?
Иқтидо ба ки дарин кор ба Мансур кунӣ
Соиб аз дардисар ҳар ду ҷаҳони бози раҳе
Сар агар дар сари аттор ншобўр кунӣ