Аз сари сидқ агар синаи худ чок кунӣ
Файзи субҳ аз нафаси поки худ идрок кунӣ
Дар қиёмати гул бехор самар ме бахшад
Неши хорӣ ки ту аз обила намнок кунӣ
Абр аз гавҳари шҳўори туро луқма диҳад
Даҳани хеш агар ҳамчуи садаф пок кунӣ
Аз ту ҳар пораи дили барг нишотӣ гардад
Сабр чун ғунча агар бар дил ғамнок кунӣ
Пеш азон дам ки кунад хоки туро дар дили хӯн
Май ба дасти ор ки хӯн дар ҷигар хок кунӣ
Гилаи хори зи пероҳани Юсуфи биҷост
То ба кӣ шикваи зносозӣ афлок кунӣ ?
Ҳасан шуд по ба рикоб аз хати мишкӣн , башитоб
То магари гардии азин қофила идрок кунӣ
Барг ъушрат макун эй ғунча ки айёми баҳор
Он қадр нест ки пероҳани худ чок кунӣ
Машав эй гули тарафи он рухи нозук ки тарӣ
Арақӣ нест ки аз ҷабҳаи худ пок кунӣ
Сарв агар бандаи он қомат раъно нашавад
Тавқ бар фохтагони ҳалқа фитрок кунӣ
Рӯй ношстаҳ ба даргоҳи ту хубон оянд
Гар ту чун оинаи домони назар пок кунӣ
Тухм чун сӯхт барӯманд нагардад соиб
Донаи ашк ба умед чаҳ дар хок кунӣ ?