Агар муқайяди касби ҳаво наме гардӣ
Ҳубоби вори зи дарёи ҷудо наме гардӣ
Либоси фақр буд пина бар саропоят
Агар шикастатар аз бӯрё наме гардӣ
Ризои ҳақ ба ризои ту бастааст аз ҳақ
Чаро ба ҳар чаҳ кунад ҳақи ризо наме гардӣ ?
Аё касе ки ба ҳангоми иртикоби гуноҳ
зи шарми халқ ба гирди хато наме гардӣ :
зи халқ беш , зи худ шарм кун ки халқ аз ту
Ҷудо шаванд ва ту аз худ ҷудо наме гардӣ
зи тухми пучи ту бемағз равшанаст чу об
Ки рӯсафеди дарин Асия наме гардӣ
Нишаста дасти зи домони давлати дунё
Чу Хизри сабзи зи оби бақо наме гардӣ
Ту то хамӯш нагардӣ ба сдзбони дароз
Чу шонаи муҳаррами зулфи дўто наме гардӣ
зи ошнои мардуми гузида то нашӯй
Ту бешуъӯр ба худ ошно наме гардӣ
Мадори дасти зи домони пайравони соиб
Агар з бе басарии раҳнамо наме гардӣ