Дигар чаҳ шуд ки зи ҳолами хабар наме гирӣ
зи бӯсаи номи маро дар шукр наме гирӣ
Фиреб май диҳӣ аз ваъдаи дурӯғи маро
Шукуфа мекунӣ аммо самар наме гирӣ
Дили рамидаи ман дар камӣн парвозаст
Чаро хабари зи ман эй бехабар намегирӣ ?
Дар остонаи дигари суроғ хоҳӣ кард
Сари маро агар аз хоки барнаме гирӣ
Дил шикаста нахоҳад ба ин касодӣ монад
Азин матоъ чаро бештар намегирӣ ?
Матоъи Юсуфии ман ба ҷо наме монад
Чаро ба қимати хоки ин гуҳар намегирӣ ?
Шикори муфти маро шоҳбоз бисёраст
Чаро маро ба таҳи болу пар намегирӣ ?
Бигӯ сариҳ ки аз интизор хӯн накунам
Агар дил аз ман хунини ҷигар наме гирӣ
Ҳамеша давр ба ком касе наме гардад
Чаро ба соғарӣ аз мо хабар намегирӣ ?
Дроздстии оҳи маро ба лутф бубахш
Аннани ҷавру ситамро агар наме гирӣ
Чигуна дил ба ту бандад касе , ки бо ин рабт
Хабари зи соиби хунини ҷигар наме гирӣ