Агар чаҳ ҳаст ба зоҳири хароби дарвешӣ
зи васли ганҷ буд комёби дарвешӣ
Турои зи дарди сари он ҷаҳон халос кунад
Агар чаҳ талх буд чун гулоби дарвешӣ
Азон ба хирқаи пашмин чу нофа сохта аст
Ки хӯн хеш кунад машки ноби дарвешӣ
Ҳазор гавҳари шҳўор дар дили шабҳо
Кашад ба риштаи з ҳар печу тоби дарвешӣ
Ҳамеша рӯзяш аз хон файз омода аст
намехӯрд ғами нонро чу оби дарвешӣ
Туро ба рӯзи ҳисоби ин сухан шавад маълум
Ки бӯда салтанат бе ҳисоби дарвешӣ
Азон ба гавҳари мақсӯд роҳ ёфта аст
Ки дода ҳар ду ҷаҳонро ба оби дарвешӣ
Тамоми муваҷҷаҳи дарё агар шавад шамшер
намехӯрд ғами сар чун ҳубоби дарвешӣ
Ҳисори зеру зибр гаштанаст вайронӣ
зи сайл фитна нагардад хароби дарвешӣ
зи лавҳи синаи ман нақш ҳар ду олами шаст
Дигар чаҳ нақш занад то бар оби дарвешӣ
Ниқобдор кунад офтобро соиб
Агар барафканад аз рухи ниқоби дарвешӣ