Қарори гир ба доролқрори дарвешӣ

Ки инқилоб надорад диёри дарвешӣ

Пиёда Эйаст замини гир , офтоби баланд

Назар ба ҳиммати гардуни савори дарвешӣ

Кунад ба домани ашФоқ , абри раҳмати пок

Ба рӯй ҳар ки нишинад ғубори дарвешӣ

Макун шитоб ки якҷо расад ба рӯзи ҳисоб

зи хозинони карам , музди кори дарвешӣ

Ба як қарор чу оби гуҳар буд доим

Зиёд ва кам нашавад ҷӯйбори дарвешӣ

Касе ки сиккаи мардии зи ҷабҳа аш хоност

Расидааст ба доролъёри дарвешӣ

Сафои субҳ буд чеҳрае ғуборолуд

Назар ба оина бе ғубори дарвешӣ

Ба қадари равзан доғаст равшанои дил

Хушо дилӣ ки буд доғдори дарвешӣ

Ба рӯзи ҳашари сабк аз сирот ме гузарад

Ба дӯш ҳар ки ниҳоданд бори дарвешӣ

Буд фишондани даст аз ҷаҳону бурдани бор

Дарин шукуфтаи чамани баргу бори дарвешӣ

Кунанд аз гул бе хори доманаши лабрез

Ба пой ҳар ки халидааст хори дарвешӣ

Чаҳ ҳоҷатаст ба ғмхўории касони соиб ?

Ки ҳаст раҳмати ҳақи ғмгсори дарвешӣ