Азон ҳамеша буд тоза рӯй дарвешӣ
Ки муттасил ба муҳӣтаст ҷӯии дарвешӣ
зи тундбод ҳаводис намешавад хомӯш
Чароғ гӯша нишинон кӯии дарвешӣ
Чу Хизр сабз шавад ҳар ҷо гузорад пой
Касе ки ҳифз кунад обрӯии дарвешӣ
зи ҷоми зар май бе дардисари мадори тамаъ
Ки ин шароб буд дар кадуии дарвешӣ
Яке з парда нишинон ӯст оби ҳаёт
зи фақр агар чаҳ сиёҳаст рӯй дарвешӣ
Абири перҳани Юсуфӣ ба бод равад
Баровард чу сар аз ҷайб , буии дарвешӣ
Ба ҳуш бош ки дар гӯши чархи ҳалқаи басӣ
Кашидаанд фақирон ба ҳўии дарвешӣ
Дар он муҳӣт ки киштии Нӯҳ дар хатараст
Дуруст аз об барояд сабуии дарвешӣ
СФидномаҳтар аз субҳи нек бахатон аст
Мураққаъи дилам аз шустушӯии дарвешӣ
зи чашми хонаи ойӣна бе ғбортрст
Ҳарим синаам аз рафт ва рӯй дарвешӣ
зи ҳарфи шикваи лаби соилон азон талх аст
Ки ағниё накунанд орзӯии дарвешӣ
Бишӯй аз ду ҷаҳони даст чун фақир шудӣ
Ки ҳаст дар раҳи фақри ин вузӯии дарвешӣ
Ту номурод нае , зон ба муддао нарисӣ
Вагарна хок муродаст кӯии дарвешӣ
Агар ғанӣ ба ҳузури фақири роҳи барад
Ба сад чароғ кунад ҷустуҷӯии дарвешӣ
зи соиби ин ғазали тозаро бихон мутриб
Ба маҷмаъӣ ки равад гуфтугӯии дарвешӣ