Не ки ҷайбу канор аз шукр кунад холӣ
Ба нолаи сад дили хунин ҷигар кунад холӣ
Фиғон ки нест дарин баҳри он қадри вусъат
Ки чун садафи дили худро гуҳар кунад холӣ
Ба рӯзи маърака аз теғ рӯ нигараданд
Касе ки қолаби худ чун сипар кунад холӣ
На дар муҳаббати дунёсти чашми ман гирён
Ки ҷои гавҳари ибрат назар кунад холӣ
Диҳад зи сайли фанои пушти хеш бар девор
Касе ки хонаи зи худ пештар кунад холӣ
Малул нест дили ориф аз гузаштани умр
Ки дили зи нолаи ҷарас дар сафар кунад холӣ
Забон сабк накунад дили зи шикваи ошиқ ро
Чу шамъи дил ба грстн магар кунад холӣ
Кашад чигуна ба сари шишаро тнки зарфӣ
Ки як пиёла ба хӯн ҷигар кунад холӣ
зи васли баҳри гиронмояи пар гуҳар гардад
зи фикри пучи ҳубобӣ ки сар кунад холӣ
Фиғон ки нест дарин боғи нағмаи пардозӣ
Ки ғунчаи кӣсаи худро з зар кунад холӣ
Марви зи ҳалқаи зикри худои буруни зинҳор
Ки дил чу сбҳаҳи зи сад раҳгузар кунад холӣ
Ба ғайри оҳ маро нест ҳамдамии соиб
Ки ғунчаи дил ба насим саҳар кунад холӣ