Макаш чу тнгдлони оҳ аз парешоне

Ки дили з ҳақ шавад огоҳ аз парешоне

Дил чу оина зон ринди покбози талаб

Ки нест дар ҷигараши оҳ аз парешоне

Диҳад ба боди фанои он чаҳ ҷамъ оварда аст

Агар ғанӣ шавад огоҳ аз парешоне

Кадоми дард ба ин дард мерасад ки касе

Ба дарди худ набарди роҳ аз парешоне ?

Намондааст ба дастами зи тору пуди ҳаёт

Ба ғайри оҳи саҳаргоҳ аз парешоне

зи хирманӣ ки ба умр дароз кардам ҷамъ

Намонда ғайри пари коҳ аз парешоне

Камоли фақри ҳамин бас ки эминаст фақир

зи шўрчшмии бадхоҳ аз парешоне

Ҳамон ки роҳ намӯдааст тӯша хоҳад дод

Макун мулоҳиза дар роҳ аз парешоне

Ба сими қалб чу Юсуф фурухтанд маро

Бародарон ба лаби чоҳ аз парешоне

Насими сунбули фирдавси рӯҳ тоза кунад

Малул кӣ шавад огоҳ аз парешоне ?

Агар чаҳ ҳаст вале неъматӣ чу хуршедаш

Ҳамон хӯрд дили худ моҳ аз парешоне

Мсози домани зулфи дарози худро ҷамъ

Ки дасти ман шудаи кӯтоҳ аз парешоне

Намозу рӯза манъам намерасад соиб

Ба оҳи внолаҳи ҷонкоҳ аз парешоне