Бурун наёмада аз хештан сафар накунӣ
зи хеш то набарӣ роҳи ишқи срнкнӣ
Кунун ки бол ва парӣ ҳаст мурғи ҷонат ро
Чаро зи байзаи афлоки сар бадар накунӣ ?
Чу қатраи сар ба кафи дасти абр то нанаҳй
Ҳавои суҳбати ин баҳр пурхатар накунӣ
Туро чу обила аз хори бушковади сад гул
Агар мулоҳиза аз захм нештар накунӣ
Чу офтоб ба гирди ҷаҳони баромадаи гир
Ба ҳеҷ ҷо нарисӣ то зи худ сафар накунӣ
Туро ки барг сафар ҳаст ҳамчуи шабнами гул
Чаро зи равзани хуршеди сар бадар накунӣ ?
Басаст шавқи талаби Хизри роҳи грмрўон
Суроғи роҳу таманноӣ роҳбар накунӣ
Каманди ваҳдати гирдоб муваҷҷаҳ хатараст
Дарин муҳӣти зи саргаштагӣ ҳазар накунӣ
Гиреҳи зи кори ту чун ғунча во шавад ба дамӣ
Агар ту ҷуз дар дили рӯ ба ҳеҷ дар накунӣ
Дар офтоби қиёмат далер натавон дид
Ба доғи синаи маҷрӯҳи мо назар накунӣ
Надода оинаи хешро ҷилои соиб
Чу офтоби сар аз ҷайби субҳи брнкнӣ